<?xml version="1.0" encoding="UTF-8"?><song><key>E</key>
<hymn_number>82</hymn_number>
<title>Ту, эй рӯҳ, ар гузар кардӣ ба афлок Хд82</title>
<lyrics>[C1]
.          E         H A         E  H
   Ту, эй рӯҳ, ар гузар кардӣ ба афлок,
.                  E      H     E
   Раҳо кардӣ ба ёрон хиттаи хок.
.                   H  A    E     H
   // Ба парвоз омадӣ, аз қайд растӣ,
.                  E        H      E
   Дари зиндони тан бар худ шикастӣ. //

[V1]
.          A                E  Fism
 Агар фарсуда шуд ин тан, чӣ бок аст?
.               H7                E
 Ки бояд дод қарзе к-он зи хок аст.
.              A       E  Fism
 // На моро з-ин ҷудоӣ бок бошад,
.                  H7           E
 Ки дил з-андӯҳи хокӣ пок бошад. //

[V2]
 Ҳамон пайванди пешин устувор аст,
 Ҳамон паймони дерин барқарор аст.
 // Ту дорӣ ҳамчу Исо подшоҳе,
 Ба пои тахти шоҳӣ ҷойгоҳе. //

[V3]
 Масеҳо ҷони моро фидя додааст,
 Ба ҳамроҳони худ ин ҳадя додааст.
 // Ҳарими қудси Яздон пойгоҳ аст,
 Абиру мушк андар ҷойгоҳ аст. //</lyrics>
</song>